Дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон таълимоти муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону кишварҳои узви СААД баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ниҳоии омӯзиши муштараки қувваҳои мусаллаҳи дастаҷамъонаи СААД ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойгоҳи «Ҳарбмайдон»-и Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, наздикии сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ медиҳад.
Бинобар иттилои манбаъ, таълимоти фаврию стратегии «Бародарии ҳарбӣ — 2017» моҳи апрели соли равон бо бозии расмии Ситоди муттаҳида, Котибот ва гурӯҳҳои фаврӣ, вазорату идораҳои ҳавасманди давлатҳои узви СААД бо иштироки Шӯрои доимии Созмон дар истгоҳи Маркази академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия шурӯъ гардид.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бахши хотимавии маҷмӯи чорабиниҳои омӯзишии «Бародарии ҳарбӣ-2017»-ро омӯзиши муштараки қувваҳои дастаҷамъонаи СААД, ки дар 6 пойгоҳи ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гузаронида шуданд, ташкил намуд.
Дар бахши хотимавӣ Котиби генералии СААД Юрий Хачатуров, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Шералӣ, роҳбари Ситоди муттаҳидаи СААД Анатолий Сидоров ва дигар кишварҳои узви ин Созмон ширкат доранд.
Ҷузъҳои ҳарбии қувваҳои зудамалкунандаи дастаҷамъонаи СААД ва қӯшунҳои муттаҳида вазифаҳоро ҷиҳати ташкили иктишофҳои ҳавоии ҳудуди наздисарҳадӣ, бастани сарҳади давлатӣ, маҳви гурӯҳҳои шартии мусаллаҳ иҷро мекунанд.
Дар хатми фаъолияти амалӣ қисмҳои мототирандозӣ, артиллерия, десантӣ-ҳавоӣ ва дигар қисмҳои Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД иштирок меварзанд.
Муваффақияти амалиёт зимни истифодаи маҷмӯии қисмҳои муборизаи радиоэлектронӣ, радиатсионӣ, кимиявӣ ва ҳифзи биологии қӯшунҳои муҳандисӣ, алоқа ва дигар навъҳои таъминот ҳамаҷониба ба даст меояд.
Хусусияти вижаи омӯзиш, аз он иборат аст, ки дар он ҷузъиёти авиатсионӣ, бо шумули тайёраҳои авиатсияи стратегии ТУ-95 ҚМ ФР, дар ҳамҷоягӣ бо тайёраҳои СУ-30 ҚМ Қазоқистон, ҳамчунин маҷмӯи мушакҳои Искандар истифода мешаванд.
Тавре хабарнигори мо иттилоъ медиҳад, дар ин таълимот иштироки беш аз 5 ҳазор кормандони ҳарбӣ, 60 тайёра ва чархбол, 1,5 ҳазор воҳид аслиҳаи ҳарбӣ ва техникаи махсус роҳандозӣ гардидааст.













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






