Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи бошукӯҳ доир шуд
ХОРУҒ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо ширкати беш аз 3 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон барномаи идонаи адабӣ-мусиқӣ, намоиши асарҳои адибону нависандагони муосири тоҷик ва маҳсули ҳунари миллии ҳунармандони маҳаллӣ баргузор шуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед иштирокчиёни ин тантанаи идонаро ба муносибати Рӯзи Президент табрик намуда, изҳор дошт, ки “соли дуюм аст, ки халқи тоҷик ин рӯзро ботантана таҷлил мекунад. Ворид кардани Рӯзи Президент ба тақвими санаҳои сиёсиву таърихии кишвар тақозои давру замон ва хоҳишу мароми миллати тоҷик буда, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муосири мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин рӯз бозтоби ҳамдилию иттиҳоди халқи тоҷик мебошад ва айни замон аз эътиқоду боварии самимӣ ба Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он сарваронест, ки шахсияти сиёсии ӯ аз соли аввали ба роҳбарии кишвар расидан моҳ ба моҳ ва сол ба сол рушд намудаву тақвият ёфта, имрӯз дар сафи бузургтарин сиёсатмадорони олам қарор доранд”.
Ҳунармандони маъруфи Бадахшон аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, Шуғнону Рӯшон, Ишкошиму Мурғоб бо рақсу таронаҳои дилангези худ аҳли толорро ба ваҷд оварданд.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






