Дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор шурӯъ карданд

Ноябрь 30, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 декабри соли 2017 дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор шурӯъ карданд.

Аз маркази матбуоти ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарўзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефониро ба қайд мегиранд, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи  Ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт тадбирҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат  ҳар пагоҳӣ дар назди раиси ширкат баррасӣ мегардад.

Инчунин ҳар як муштарии барқ  метавонад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК «Барқи Тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рўшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, ба кормандони ширкат  маълумот диҳад.

Ҳамкорӣ бо ШСХК «Барқи Тоҷик» тавассути телефонҳои боварӣ ба манфиати ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа мебошад. Дар зер рақамҳои телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро пешниҳод менамоем:

235-86-74;  235-86-84;  610-60-50, 93-355-51-51; 93-355-52-52

Ноябрь 30, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд