Дар Суғд ҷаласаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дуюмин ҷаласаи муштараки мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои як зумра созмонҳои байналмилалӣ, ки дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ фаъолият мекунанд, ширкат намуданд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон чун ду кишвари ҳаммарз ва дорои иқлими ягона аз қадим дар самти ҳолатҳои фавқулода, пешгирӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ҳамкорӣ доранд. Қирғизистон низ чун Тоҷикистон дар минтақаи осебпазири офатҳои табиӣ ҷойгир шудааст ва ҳамасола бар асари офати табиӣ ва техногении гуногун ин кишвар миллионҳо сомонӣ зарар мебинад», — хабар дод манбаъ.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






