Дар Суғд ба ифтихори Рӯзи милитсия чанд иншооти навбунёд ифтитоҳ шуданд

Ноябрь 9, 2017 15:30

ХУҶАНД, 09.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази Суғд ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад ҳайати роҳбарият ва афсарони сохтори мазкур дар вилоят, муовини Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилоят,  собиқадорони соҳа, ҳамчунин гурӯҳи намояндагон аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат доштанд.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шариф Назарзода ҷамъомадро оғоз намуд. Муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонд. Дар ҷамъомад як гурӯҳ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати корҳои дохилӣ, медал, рутбаҳои махсус ва мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзе қабл бо иштироки Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар назди Раёсати ВКД дар вилоят иншооти навбунёд – варзишгоҳ, майдони волейболу футбол, тамрингоҳ, ошхона, макони истироҳат ва хобгоҳи ротаи 4-уми Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи вилоят бо фарогирии тамоми шароити муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Ноябрь 9, 2017 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд