Дар Вазорати корҳои дохилӣ оид ба вусъат бахшидани ислоҳоти милитсия мулоқот доир гардид

Ноябрь 24, 2017 09:55

ДУШАНБЕ, 24.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири Дафтари Барномавии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юреля оид ба вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба дар самти ислоҳоти милитсия вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Фейзо Нуманаи, мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ислоҳоти милитсия Дмитрий Капортсев иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки дар самти ислоҳоти милитсия се ҳуҷҷати муҳим: Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи рушди ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амаликунонии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 таҳия ва қабул карда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин санад дар бораи азми ислоҳоти милитсия – «Ёддошти тафоҳум оид ба ислоҳоти милитсия» ҳанӯз 8 апрели соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба имзо расида буд.

Тибқи ислоҳоти милитсия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия роҳандозӣ гардид, ки яке аз кормандони пуртаҷриба дар ин самт фаъолият дорад.

Сафири Дафтари Барномавии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юреля изҳор дошт, ки «ман пеш аз ҳама ба мақомоти корҳои дохилӣ барои ҳамкории сатҳи баланд бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон арзи сипос менамоям. Тӯли якчанд соле, ки САҲА бо Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти милитсия ҳамкорӣ дорад, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Мо минбаъд низ ҳамкории худро дар амалисозии ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, кумаку дастгирии худро дареғ намедорем».

Дар хотима ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ин мулоқот дар самти ислоҳоти милитсия барои мақсади асосӣ – ислоҳот ва фаҳмиши ҷамъиятии куллан симои нави ҷомеа, имиҷи корманди милитсия, ки барои расонидани кумак ба шаҳрвандон равона гардидааст, заминаи мустаҳкам барои рушди ҳамкории минбаъда хоҳад буд.

Ноябрь 24, 2017 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст