Дар водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ боз як неругоҳи хурди барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад
ХОРУҒ, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ рӯзҳои наздик боз як неругоҳи хурди барқӣ ба истифода дода мешавад. Соли равон ин дуюмин неругоҳи хурди барқист, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Баҳори имсол дар деҳаи Андарбаки ин ҷамоат баъди як соли корҳои навсозӣ неругоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 300 квт-соат ба кор андохта шуд ва нисфи маскунони водии Язғулом ба неруи барқӣ дастрасии комил пайдо намуданд. Ҳоло корҳои охирини насбу васлкунии таҳизоти техникӣ дар неругоҳи хурди барқии деҳаи Мотравн идома доранд. Баъди ба истифода додани неругоҳи мазкур мушкили камбуди неруи барқ дар ин водии дурдаст аз байн бардошта мешавад.
Роҳбари маркази матбуоти ширкати барқии «Помирэнерчӣ» Абдулло Амонбеков гуфт, ки бунёди неругоҳро ширкати Dohwa Engineering ва Есосеан аз давлати Кореяи Ҷанубӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Помирэнерҷӣ» бар уҳда доранд. Тамоми таҷҳизоти зарурӣ аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ ба ин водӣ интиқол дода шуданд. Неругоҳи барқии Мотравн ягона неругоҳи хурд дар ҷумҳурии Тҷикистон аст, ки бидуни канал ва ё нақб bestpainrelievers.net. Бино ва таҷҳизоти он дар болои рӯдхонаи кӯҳӣ ҷо гирифтааст. Бо паст ва ё баланд шудани сатҳи оби рӯдхона дастгоҳҳои неругоҳ низ ба таври автоматикӣ ҳаракат мекунанд. Байни ин ду ширкат барои ҳамкории минбаъда дар соҳаи энергетика шатрнома баста шуд, ки мутобиқи он мутахассисони ширкати «Помирэнерҷӣ» барои омӯзиш ба кишвари Кореяи Ҷанубӣ фиристода мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






