ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ДАР СУҒД: Хуҷанд — дар зинаи охирин

Ноябрь 2, 2017 11:47

ХУҶАНД, 2.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 октябр дар ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳӣ оғоз ёфт. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, вилояти Суғд низ  корҳои сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бомаром ҷараён дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд, то 30 октябр дар миқёси вилояти Суғд маъракаи даъвати ҳарбӣ 90,1 дарсад иҷро гардидааст. То имрӯз аз 18 минтақаи вилоят 10 шаҳру ноҳия, аз ҷумла,  Зафаробод,  Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Бӯстон, Гулистон ва  Истиқлол нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро сарбаландона пеш аз муҳлат иҷро намудаанд. Дар ин замина масъулини комиссариати 8 шаҳру ноҳияҳои боқимондаи вилоят низ азм доранд рӯзҳои наздик маъракаи даъвати тирамоҳиро ба анҷом расонанд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки то имрӯз дар байни 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят шаҳри Хуҷанд  бо иҷрои 62 фисад дар зинаи охирин қарор дорад. Ҳол он ки чанде пеш роҳбарияти шаҳр дар яке аз ҷаласаҳо масъулини соҳа, хосатан раисони кумитаҳои маҳаллаҳои маркази вилоятро вазифадор намуда буд, ки то  1 ноябр маъракаи даъватро анҷом диҳанд.

Ноябрь 2, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд