Дилшод Восиев бори сеюм беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон дониста шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дилшод Восиев, ҳамлагари бомаҳорати дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори сеюм беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон дониста шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар бозие, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, Дилшод Восиев тавонист се гол ба ҳадаф расонад. Натиҷаи мазкур ӯро дар пойгаи нишонзанӣ аз ҳамдастааш Манучеҳр Ҷалилов пеш гузаронд.
Дилшод Восиев дар мавсими имсолаи Чемпионати мамлакат бо 16 тӯби ба ҳадафрасонидааш беҳтарин нишонзан эълон шуд. Ӯ қаблан солҳои 2012 ва 2014 беҳтарин нишонзан гардида буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






