ФАРҲОД РАҲИМӢ: «МО БОЯД ФАЛСАФАИ МУОСИРРО ОМӮЗЕМ…». 21 ноябр- Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа
ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Мо бояд фалсафаи муосирро омӯзем, фалсафаи истиқлолиятро омӯзем, фалсафаи ҷаҳонишавиро омӯзем, чунки дар асл ҷаҳонишавӣ ҷаҳонгардонист ва кишварҳои абарқудрат ин равандро ба хотири татбиқ сохтани манфиатҳои геополитикии худ ба ҷаҳониён таҳмил намудаанд». Ин матлабро имрӯз, 21 ноябр президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа таҳти унвони «Масоили мубрами фалсафаи муосир», ки дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони файласуф доир гардид, баён дошт.
Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки «суиистифода шудани бархӯрдҳои мазҳабӣ, динӣ ва миллӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ моро водор месозад, ки истиқлолияти давлатиамонро ҳифз кунем, чунки ба даст овардани истиқлолият аз ҳифз намудани он осонтар аст».
Ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад дар рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа олимонро ба таҳқиқ намудани усулҳои навтарини ҷаҳонгардонӣ даъват намуд.
Дар Конференсияи мазкур академикҳои АИ ҶТ Мӯсо Диноршоев ва Кароматулло Олимов сухан намуда, масъалаҳои мубрами фалсафаи муосирро пажӯҳиш карданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






