ФУТБОЛ: «Истиқлол» бар дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон бар дастаи футболи КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Голи ягонаро ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев аз ҷаримаи 11-метра дар дақиқаи 16-ум ба ҳадаф расонд. Дастаи ғолиби ин ҷуфт аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ маълум хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии даври нимфиналӣ миёни дастаҳои КМВА «Помир» ва «Истиқлол» 21 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






