ФУТБОЛ: то бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман шаш рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 8, 2017 15:32

ДУШАНБЕ, 08.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Бозии интихобии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019  байни  дастаҳои  мунтахаби   Тоҷикистон ва  Яман 14 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор   баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 16.00.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол аз 5 январ то 1 феврали соли 2019 дар 8 варзишгоҳи муҳташами Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад. Рақобатҳои марҳилаи интихобӣ барои баромадан ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 аз се марҳила иборатанд. Дар даври ниҳоии мусобиқоти мазкур бори аввал 24 дастаи мунтахаби ин қора ҳуқуқи иштирок кардан доранд. То ҳоло 15 дастаи мунтахаби Осиё, ки дар даври ниҳоии мусобиқот иштирок мекунанд, маълуманд. Аз ҷумла, Аморати Муттаҳидаи Араб (мизбон), Ироқ, Эрон, Қатар, Сурия, Арабистони Саудӣ, Австралия, Чин, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Ӯзбекистон (ҳамаи ин дастаҳои мунтахаб  пас аз марҳилаи дуюм ба Ҷоми Осиё-2017 роҳ ёфтанд). Дастаҳои мунтахаби Фаластин, Уммон ва Ҳиндустон дар ҷараёни марҳилаи сеюми интихобии ин мусобиқот роҳхат ба даст оварданд. Боз 9 дастаи  мунтахаби дигар дар идомаи рақобатҳои марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми Осиё-2019 маълум мегарданд. Аз гурӯҳҳои марҳилаи 3-юми интихоби Ҷоми Осиё-2019 2 дастаи пешсаф роҳхати марҳилаи ниҳоиро ба даст меоранд.

Пас аз ҷамъбасти 4 даври рақобатҳо дар гурӯҳи «F» дастаи  мунтахаби Филиппин бо касби 8 имтиёз садрнишини гурӯҳ аст. Дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон бо касби   6 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм мавқеъ гирифтаанд. Зеро  дастаи миллии мо дар бозии байнихудии ин дастаҳои мунтахаб  28 марти соли 2017 бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуда буд. Дастаи 4-уми гурӯҳ Непал бо 1 имтиёз дар зинаи охирин қарор дошта, имкони баромадан ба Ҷоми Осиё-2019-ро қариб пурра аз даст додааст.

Аз ин рӯ ба футболбозони  дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарур аст, ки  дар ин дидори ҳассосу муҳим танҳо зафар ёбанд. Беҳтар мешуд футболбозони тоҷик бо фарқияти ду тӯб ғалаба кунанд. Дар ин сурат метавонем бори аввал дар замони соҳибистиқлолии кишвар дастаи мунтахаби асосии Тоҷикистонро дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё  бубинем.

 

Ноябрь 8, 2017 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид