Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов: «Туркманистону Тоҷикистон дорои имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд»
ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистону Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд. Ин матлабро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зимни изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуда, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро намунаи олии ҳамкорӣ дар ин самт номид.
Президенти Туркманистон аз мавҷуд будани шароити мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзӣ ёдовар шуда, зарурати таҳкими талошҳоро ҷиҳати ҳавасмандгардонии муносибатҳои соҳибкорӣ, шиносоии намоиши тарафайн бо маҳсулоти истеҳсоли ду кишвар, омӯзиши имкониятҳои содиротӣ-воридотӣ ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкории иқтисодиро зикр намуд.
Номбурда ҳамзамон аҳамияти амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон»-ро, ки яке аз лоиҳаҳои бузургтарини нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад, таъкид намуд.
Ба андешаи Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, санадҳои ба имзорасида заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Туркманистону Тоҷикистонро таҳким хоҳанд бахшид.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тамоми мардуми тоҷик барои меҳмоннавозии ҳайати Туркманистон, истиқбол ва пазироии гарму дӯстона миннатдорӣ изҳор намуда, аз Президенти Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом диҳад.








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд






