Гурбонгулӣ Бердимухамедов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба санъати гулдӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Меҳмони фахрӣ»-и навбатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон — Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба санъати гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва кашидадӯзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Пас аз тамошои гӯшаи ҳунарҳои дастии Осорхона Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зикр намуд, ки «фарҳанги мардуми точику туркман ба якдигар хеле қаробат доранд ва ҳамин фарҳанг аст, ки моро боз ҳам ба ҳам наздиктар месозад».
Роҳбарияти Осорхона ба меҳмони олиқадр иттилоъ дод, ки гулдӯзӣ аз қадимтарин навъи санъати халқи тоҷик буда, бо сӯзан ва чангакчаҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зариву нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шадаи майда, мӯҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ иҷро карда мешавад.
Ҳамзамон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо ёдгориҳо ва нигораҳои таърихие, ки бозгӯкунандаи давраҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷиканд, шинос шуд.
Ҳамин тариқ, ба меҳмони олимақом дар бораи таърихи Панҷакенти қадим, Тахти сангин ва дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик маълумот дода шуд.
Президенти Туркманистон зимни баёни таассуроташ чунин иброз намуд: «Мо бояд ифтихор кунем, ки миллатҳои мо дорои чунин таъриху фарҳанги бою пурғановат ҳастанд. Ва вазифадорем, ки мисли аҷдодонамон онҳоро ҳифз намуда, ба ояндагон ба мерос гузорем».
Сипас, ҳамчун рамзи эхтиром ба мардуми точик ва Тоҷикистон аз ҷониби меҳмони олимақом ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тухфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар охир Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.
Меҳмони олиқадрро муовини аввали Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, рохбарони Академияи илмҳо ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар ҳамроҳӣ карданд.










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






