Густариши ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб
ДУШАНБЕ, 22.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири навтаъйини Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир вохӯрӣ доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобирро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, изҳор дошт, ки мавсуф бо фаъолияти пурсамари дипломатиаш ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб мусоидат хоҳад кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва истирдоди шахсони ҷинояткор изҳори назар карданд.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкории дуҷониба бо Амороти Муттаҳидаи Араб якчанд созишномаҳо ба имзо расонида шуда, заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт фароҳам оварда шудааст.
Муҳаммад Аҳмад Ал-Ҷобир тақвият бахшидани мубодилаи иттилоотро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва шахсони дар кофтуков қарордошта муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки мақомоти ҳарду ҷониб бояд дар самти таъмини амният бо Ташкилоти Байналмилалии Полиси ҷиноятӣ «Интерпол» ва Сарраёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории бештар дошта бошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






