ҲХДТ ба воситаи «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» чеҳраҳои навро рўи саҳна овард
ДУШАНБЕ, 04.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат»-таҳти чунин унвон имрўз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Фестивал бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-умин солагрди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.
Мақсади Фестивалро муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён сазовор таҷлил намудани Соли ҷавонон, дар замири кўдакону наврасон ва ҷавонон тарбия намудани ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва санаҳои барои миллати тоҷик тақдирсоз, ки тавонистанд саодати миллати тоҷикро таъмин намоянд, мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани неруи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нав, тарғибу ташвиқи ҷавонӣ ва ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва маҳорату малакаи касбӣ арзёбӣ намуд.
«Муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи эҷодиёти бадеии ҷавонон, санъати мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, қавӣ сохтани меъёрҳои ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавон баҳри густариши маънавиёти ҷомеаи имрўзаю ояндаи Тоҷикистон ва шакл гирифтани дастаҳои нави эҷодии кўдакону наврасон аз ҳадафҳои муҳими Фестивал мебошанд»,-зикр намуд Раъно Бобоҷониён.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






