Ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар бахши назми Озмуни ҳафтаномаи «Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал гардид

Ноябрь 15, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло барои манзумаи «Офтобе аз сиришти халқ» дар бахши назми Озмуни ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бахшида ба 25-солагии баргузории Иҷлосияи XVI  Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва рӯзи Президент – “Иҷлосияи сарнавиштсоз” сазовори ҷойи аввал гардид. Ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова барои достони «Хатлон» сазовори мақоми дуюм ва Шаҳрия Аҳтамзод барои манзумаи «Зиндагӣ бори дигар оғоз шуд» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Тавре Камол Насрулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд,  озмун тӯли 3 моҳ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” баргузор гашта, дар он шоирон, носирон, журналистон ва онҳое, ки дар мавриди ин санаи муҳим хотираву ёддошт доранд, ширкат варзиданд. Ба озмун қариб  100 асар пешниҳод гардида буд.

Озмун дар ду бахш- насру публитсистика ва назм баргузор гардида, дар бахши наср ва публитсистика ҷойи дуюм насиби профессор Усмонҷон Ғаффоров (барои мақолаи “Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуду Раҳмон Набиев чӣ гуна истеъфо дод”) гардид ва ҷойи сеюм ба Эмомалӣ Назаров (барои мусоҳибаҳояш бо Ҳабибулло Табаров ва Абдулмаҷид Достиев) лоиқ дониста шуд. Умари Шерхон барои мақолааш дар бораи Адолат Раҳмонова ва суханрониҳои ӯ зимни  Иҷлосия бо мукофотпулӣ сарфароз шуд.

Барои беҳтарин асар дар бахши наср ва публитсистика ва бахши назм ҷойҳои аввал 3000 сомонӣ, дуюм 2000 сомонӣ ва сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ муайян  гардида буд.

Маросими супоридани ҷоизаҳо имрӯз баргузор шуд.

 

Ноябрь 15, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд