Хонандагони мактаб дар «Патриот», «Гугл» ва «AMG» ба бозиҳои беҳуда машғуланд- аз ҷониби волидони онҳо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иҷро намешавад

Ноябрь 28, 2017 10:49

ДУШАНБЕ, 28.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Як гурўҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерии «Патриот», «Гугл» ва «AMG»-и дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолияткунанда ба бозиҳои компютерии дорои хусусияти зўроварӣ машғул буданд, дастгир ва ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ дастрас карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  зимни баргузории чорабинии мақсадноки пешгирикунанда аз ҷониби кормандони милитсия ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғон ошкор гардид. Аз ҷумла, тавре аён гардид, ноболиғони зиёд рўзона бе назорат дар кўчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд. Тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон сабаби  ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегардад.

Нисбат ба волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинии мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо сарфи корҳои беҳудаю зараровар шавад.

Ноябрь 28, 2017 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд