Имрӯз ба таъсиси Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол пур шуд

Ноябрь 1, 2017 16:44

ДУШАНБЕ, 01.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сангҳои қиматбаҳое, ки дар Ситораи аввали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд, маҳз дар Озмоишгоҳи таҷрибавии шуъбаи ташхис ва таҳлили сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард шудаанд.

Ҳамзамон Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар тӯли 23 соли фаъолият бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ барориши нишонаҳои ҷашниро аз металлҳои қиматбаҳо ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, саҳми мутахассисон-заргарони он дар омода намудани Ангораи нишонаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостонӣ ва дигар ҷашнҳои таърихии кишвар аз тилло ва нуқра арзанда мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки сохтани чунин нишонаҳо маҳорати баланди эҷодию касбӣ талаб менамояд.

Дар айни замон дар шуъбаи ташхис ва таҳлили Хазина озмоишгоҳҳои кимиёвӣ, истеҳсолотӣ, геммологӣ ва суфтагардонии таҷрибавии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо таҷҳизоти ташхисии ҳозиразамони техникӣ, аз ҷумла, асбоби спектрсанҷӣ-рентгении «Spectro midex», тарозуҳои электронӣ,  даймонд-тестер «Presidium», дихроскоп «Gia», рефрактометр «Duplex», микроскопҳои «Gia», тарозуи обӣ барои санҷидани зичӣ ва дигар асбобҳо барои  суфтагардонӣ ва буридани  сангҳои қиматбаҳо муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли 1994 бо мақсади ташаккули захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, вазифаи асосии он аз иштирок дар раванди ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои кишвар, таъмин намудани нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва таъмини амнияти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти дорои онҳо иборат мебошад.

Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ҷузъи захираи тиллову асъор буда, барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, молиявӣ, илмӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти кишвар таъйин гардидааст.

Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ташкил, ки аз он муҳлати начандон тӯлонӣ сипарӣ шудааст, тавонист ба як корхонаи барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти стратегӣ табдил ёбад.

 

 

Ноябрь 1, 2017 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа