ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Дар ҷумҳурӣ 11 филиали Иттиҳодияи миллии нобиноён мавҷуд аст

Ноябрь 13, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 13 ноябр дар аксар мамлакатҳои дунё Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад. Соли 1984 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ин санаро ба ёдбуди эҳсонгар, муаллим ва навовари машҳури франсуз Валентин Гаюи-  асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён    дар ҷаҳон бахшида буд.

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2004   барои нобиноён 15 октябр иди «Асои сафед» ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин рӯз Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон иди «Асои сафед»-ро бо нобиноёни шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҷашн мегирад.

Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1937 фаъолият дошта, зиёда аз   8300 нафар аъзои ин ҷамъият мебошанд. Ҳамзамон барои ба қайд гирифтани нобиноён дар шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11 филиали Иттиҳодияи миллии нобиноён мавҷуд мебошанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли равон барои нобиноён як зумра  китобҳои дарсӣ ва дастурҳои тиббӣ бо ҳуруфоти Брайлӣ чоп шуданд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ барои маъюбони нобино курсҳои бозомӯзӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 70 нафар нобиноён ва сустбинон ба омӯзиши курсҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, маҳсгарӣ, хонадорӣ ва пазандагӣ фаро гирифта шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо нобиноён аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дастгирии хуб дида, то ҳадди имкон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, зиёда аз 70 нафар маъюбони нобино бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд. Иттиҳодияи миллии нобиноён онҳоро бо дафтарҳои махсус барои навишт бо хатти Брайлӣ таъмин менамояд.

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон суст сол аз сол  корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

 

 

Ноябрь 13, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад