Ҷиноятҳои Ҳизби наҳзати террористӣ аз ҷониби пурнуфузтарин шахсияти ҷаҳони Ислом Аҳмад Муҳаммад Ал-Таййиб маҳкум гардид

Ноябрь 3, 2017 17:46

ДУШАНБЕ, 03.11.2017./АМИТ “Ховар”/. Тавре хабар додем, Пажӯҳишгоҳи салтанати таҳқиқоти стратегии исломӣ (The Royal Islamic Strategic Studies Centre), марказаш дар Амон, пойтахти Урдун якҷо бо Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиён —  маркази таҳқиқотии қароргоҳаш дар Ҷорҷтаун, барои бори нӯҳум рӯйхати 500 шахсияти аз ҳама пурнуфузи ҷаҳони Ислом – «The Muslim 500-2018-ро нашр кард. Имсол низ шайхи донишгоҳи Ал-Азҳар Аҳмад Муҳаммад Ал-Таййиб пурнуфузтарин шахсият дар ҷаҳони Ислом эълон шудааст. Дар ҷои дуюм имсол малики Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз оли Сауд омадааст.

Бояд зикр  кард, ки дар ҳошияи Конфроси байналмилалии “Нақши фатво барои дастёбӣ ба субот дар ҷомеа”, ки 17-19 октябри соли равон дар шаҳри Қоҳира баргузор гардид, дар қабулгоҳи марказии бинои Азҳар вохурии Шайхи Азҳар, профессор Аҳмад Муҳаммад Ал-Таййиб бо Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода баргузор гардид.

Инчунин, аз ҷониби Шайхи Азҳар Аҳмад Муҳаммад Ал-Таййиб табадулоти нокоми ТТЭ “ҲНИТ” маҳкум ва душмани муштараки мардуми Тоҷикистону Миср будани “Ихвонулмуслимин” ва ТТЭ “ҲНИТ” таъкид  гардид.

Дар он мулоқот оид ба рушди ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Миср ва дар мавриди зарурияти танзими таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Аҳзар мубодилаи афкор сурат гирифт. Тарафҳо ба масъалаи танзими таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои Азҳар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бори дигар нақши муҳими Азҳари шарифро барои пешгирии тундгароӣ ва гурӯҳҳою ҷунбишҳои такфирӣ таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муборизаи муштарак бар зидди ҳизбу ҳарактҳои сиёсии динӣ ба мисли “Ихвонулмуслимин” ва ТТЭ “ҲНИТ”, ки худро бо либоси ислом ҷило дода ба манфиати хеш суйистифода мекунанд, изҳори омодагӣ намуданд.

Мувофиқи Қонуни асосии Миср (Моддаи 7), Азҳар ниҳоди мустақилли илмии исломӣ буда, давлат наметавонад Шайхи Азҳарро таъйин ва барканор кунад. Дар ташрифоти давлатии Миср мартабаи Шайхи Азҳар ба мақоми Cарвазири кишвар баробар мебошад. Шайхи Азҳар ҳамзамон роҳбари Фарҳангистони пажӯҳишҳои исломӣ ва Шӯрои киборулуламо аст. Вазири авқоф ва Муфтии диёри Миср дар масъалаҳои фиқҳӣ аз дидгоҳи Шайхи Азҳар пайравӣ мекунанд.

 Оид ба вохӯрии Муфтии Тоҷикистон бо Шайхи Азҳар дар ВАО-и ҳукуматӣ ва хусусии Ҷумҳурии Арабии Миср силсила мақолаҳо нашр гардидаст. Аз ҷумла:

http://misrnewsagency.com/site/index.php?go=news&more=28780

Ноябрь 3, 2017 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид