ИНТИХОБИ ОҚИЛОНА. Таассуроти вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2017 16:15

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи халқи тоҷик саҳифаҳое дорад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар сарнавишти миллати мо нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Яке аз ин саҳифаҳои дурахшон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯзҳо  25-умин солгарди  ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахшро таҷлил менамоем. Воқеан ҳам барои таъмини ваҳдати миллӣ қадами нахустину устувор дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Аҳамияти таърихии ин Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ба симмати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоби оқилона буд.

Дар робита ба баргузории ин иҷлосия имрӯзҳо нафарони зиёд-академикон, вазирон, раисони кумитаҳо, мардумони одӣ-хуллас ҳамаи онҳое, ки Пешвои миллатро дӯст медоранд, азиз мешуморанд, мехоҳанд андешаю хотироташонро баён намоянд. Албатта, сомонаи мо низ имкони ғунҷонидани ҳамаи ин афкору андешаҳои самимиро надорад, вале то ҷое имкон ҳаст, муҳаббати мардум ва меҳрномаҳоро ба Пешвои миллат бо чанд ҷумла ҳам ки бошад, баён медорем. Инак:

Сайдулло Хайруллоев,  Раиси ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими давлатию сиёсӣ:

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.  Ин ном ба муаррифӣ ба миллат ниёз надорад. Ин ном худаш шиносномаи миллати бо фарҳангу бо тамаддун аст. Миллате, ки онро ҷавонмардони баору номус ва пирони барнодилаш нигоҳ медоранд.

Хоҳӣ, ки дар ҷамъият  соҳиби обрӯ гардӣ, ҳамеша ҳамсозу ҳамнафасу ҳамрадифи мардум бош. Ё ин ки ҳамеша якрӯ бояд буд. Мардуми одӣ сарчашмаи ҳамаи илҳому комёбиҳои ҳар як давлату ҷамъиятанд. Як ба мардуми Тоҷикистон нигаред. Чӣ қадар онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона дӯст медоранд  ва ӯро ҳамчун гавҳараки чашм азиз медоранд.  Сад ҳазор бор шукр, ки имрӯз миллати мо чунин Пешво дорад. Пешвое, ки назираш дар дунё  нест.

Муҳаммад Ҳамидзода, судяи Суди ноҳияи  Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе:

-Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шӯълаи умед ба сўйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишварро фурӯзон намуд.

Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё  фарзанди баору номус ва далеру шуҷои миллат   Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд. Шахсиятҳои бузург  дар пешрафти  миллат нақши муҳим доранд. Эмомалӣ Раҳмон дар амал исбот кард, ки  Ватану миллат мафҳумҳои муқаддасанд. Таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст.

 Сафаралӣ БОЗОРЗОДА, директори Телевизиони Кӯлоб, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Мо, хурду бузурги миллати куҳанбунёди тоҷик номи Эмомалӣ Раҳмонро бо ифтихор ба забон гирифта, заҳматҳои беназирашонро дар эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол арҷгузорӣ менамоем. Зеро дар фурсати кӯтоҳ таҳти сарварии ин фарзанди фарзона дар мамлакат корҳои бузурге анҷом ёфтанд, ки дар таърих назир надоранд. Гузашта аз ин, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шахси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён таҷрибаи бесобиқаи сулҳофариро нишон дод, ки ин таҷриба дар кишварҳои дигари ҷангзада мавриди омӯзишу истифода қарор дорад.

Бо гузашти 25 сол беш аз пеш собит мегардад, ки хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва муваффақият дар имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз бузургтарин дастовардҳои ин иҷлосия будааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу ватандӯстро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихиву ҳаётӣ талош намояд.

Ноябрь 17, 2017 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд