Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки мақомоти оинномавии СААД

Ноябрь 30, 2017 16:10

ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри  Минск иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои амнияти байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар ҳошияи СААД мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин такмили фаъолияти созмон ва дурнамои ҳамкорӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ноябрь 30, 2017 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд