Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Форуми Ҳонгконг
ДУШАНБЕ, 08.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда дар Ҳонгконг – минтақаи махсуси маъмурии (МММ) Сянган – бо иштироки сафирони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, роҳбарон ва намояндагони 500 ширкатҳои номдор, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва бунёдҳои махсусгардонидашудаи рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҳонгконг ва Макао Форуми соҳибкорону тадқиқотчиён баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.
Тавре гуфта мешавад, мавзӯи асосие, ки дар рафти ҷаласаҳои васеъ ва вохӯриҳои алоҳидаи Форуми мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт — “Камарбанд ва Роҳ барои навоварӣ ва рушд” буд.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар Форум суханронӣ карда, ба иштироккунандагони он ҷазобат ва имкониятҳои Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф, ки мавриди таваҷҷуҳи муштарак мебошанд, муаррифӣ намуд.
Ҷараёни кори Форум аз ҷониби расонаҳои хабарии бонуфузи Чин ва Ҳонгконг инъикос карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи Форум, 1-2 ноябри соли ҷорӣ вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон ва сафирони дигар давлатҳои аъзои СҲШ, бо Роҳбари Маъмурияти МММ Ҳонгконг хонум Линь Чжэн Юеэ, муовини Раиси Кумитаи мардумии сиёсӣ ва машваратии Чин, собиқ Роҳбари МММ Ҳонгконг Лян Чжэнин, роҳбарияти Департамент оид ба масъалаҳои сиёсии МММ Ҳонгконг Чжан Ҷянҷун ва дигар шахсони мансабдори Маъмурияти Ҳонконг доир гардиданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳои зикршуда масъалаҳои рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ, инчунин имкониятҳои МММ Ҳонгконг дар соҳаҳои технологияи нав дар нақлиёт, молия, телекоммуникақия, сохтмони инфрасохторӣ ва татбиқи онҳо дар давлатҳои аъзои СҲШ муҳокима гардиданд.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






