«Истиқлол» соҳиби медалҳои нуқра гардид

Ноябрь 4, 2017 22:15

ДУШАНБЕ, 04.11.20127./АМИТ «Ховар»/. Чемпиони  Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии финалии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2017-ро  бо дастаи “Эйр Форс”-и Ироқ,  дорандаи Ҷоми AFC-2016, бо ҳисоби 0:1 бохт. Ин бозӣ шаби 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Ба дастаи ғолиб – “Эйр Форс” — ҷоизаи молӣ ба маблағи як миллион доллар ва ба дастаи “Истиқлол” соҳиб шудан ба ҷои дуюм  – 500 ҳазор доллар супорида шуд.

Голи ягонаро ироқиҳо дар нимаи дуюми вохӯрӣ, дар дақиқаи 68-ум, ба дарвозаи “Истиқлол” ворид карданд. Онро Имад Мӯҳсин зад. Дар ин бозӣ ҳамчунин бозингари меҳмонон Ҳаммадӣ Аҳмад  дар дақиқаи 54-уми бозӣ тӯбро аз ҷаримагоҳи 11-метра  ба нишон расонида натавонист:  зарбаи ӯро    дарвозабони “Истиқлол” Никола Стошич баргардонд.

Ноябрь 4, 2017 22:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд