Иттифоқи композиторон 12 асари эҷодиро ғолиби Озмуни «Навои Ваҳдат» донист

Ноябрь 11, 2017 11:47

ДУШАНБЕ, 11.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар Иттифоқи  композиторони Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни суруду оҳанги беҳтарин таҳти унвони «Навои Ваҳдат»  ҷамъбаст  гардид. Ба Кумитаи тадорукоти озмун 23 асари мусиқӣ пешниҳод гардид, ки тибқи талаботи озмун  асарҳои мусиқӣ дар шакли адвор (нота) ва маводи аудиовизуалӣ пешниҳод гардиданд.

Мутобиқи  хулосаи ҳайати ҳакамон,  12 асари аҳли эҷод (кантата барои хори бачагона ва фортепиано, кантата барои хори омехта ва оркестри симфонӣ, увертюра барои оркестри созҳои миллӣ, асарҳо барои яккахон, фортепиано, гурӯҳи ҳамсароён ва гурӯҳҳои эстрадӣ, маршҳо барои оркестрҳои созҳои миллӣ ва оркестри нафасӣ ва ғайра) ғолиб дониста шуданд.

Тавре аз Иттифоқи композитрони Тоҷикистон ба хабарнгори АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ба ғолибони озмун    Диплом ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот супорида шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамон ҳамаи асарҳои ба озмун пешниҳодгардида барои иҷрои оммавӣ дар барномаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат ва муассисаҳои эҷодӣ-касбӣ  тавсия дода шуданд.  Зимнан, асарҳои ба озмун пешниҳодгардида аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шакли маҷмӯаи асарҳои нотавӣ ба нашр расонида мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосии озмун    ташаккули раванди неруи эҷодӣ, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аҳли эҷод ҷиҳати офаридани асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули ҷанбаи дунявии фарҳанги мусиқии муосири тоҷикон буд.

Ноябрь 11, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд