Ивета Григуле: «Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро шарики боэътимоди худ дониста, омода аст аз мавқеи он ҳимоят намояд»

Ноябрь 2, 2017 14:34

ДУШАНБЕ, 02.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Шариф Раҳимзода, раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи  шашуми  Шӯрои ҳамкории парлумони  Тоҷикистону Иттиҳоду Аврупо, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид,  Иттиҳоди Аврупоро  муҳимтарин шарики  байналмилалӣ барои Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки  нақши Иттиҳоди Аврупо дар имзои  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди бахшҳои иқтисоду иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зисти кишварамон  калон аст.

Ивета  Григуле,  раиси ҳайати парлумони  Иттиҳоди Аврупо     дар Душанбе доир гардидани ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкории парлумони Тоҷикистону Итиҳоди Аврупоро  қадами  муассир дар таҳкими ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо маънидод кард. Вакили парлумони Аврупо  аз  сатҳи пешрафт ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаҳои гуногун  ибрози назар карда, гуфт: «Мо шоҳиди пешрафтҳои  иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар солҳои охир гардидаем ва умедворем, ки ин раванд дар оянда ҳам тақвият хоҳад ёфт».  Вакили парлумони Аврупо таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  дар минтақаи Осиёи Марказӣ  аз шарикони муҳим ва боэътимоди худ медонад ва омода аст дар тамоми  заминаҳо аз  мавқеи он ҳимоят намояд.

Дар ҷаласаи шашуми Шӯрои  ҳамкории Парлумони Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо   тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони он,  вазъи  сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон  масъалаҳои  мубориза бо хатару чолишҳои замони муосир, аз қабили  терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухадир,  авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, хусусан ваъи сиёсии Афғонистон, инчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои аграрӣ, энергетика,  фарҳанг, туризм, илму маориф,  рушди демократия, озодии  сухан ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми  ҷаласаи шашуми  Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо эъломияи муштарак  қабул  гарид.

 

 

Ноябрь 2, 2017 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад