Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Бадахшон
ХОРУҒ, 18.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Абдулваҳоб Искандарзода, муовинони сардори Раёсат, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Лаълҷуба Мирзоҳасан, инчунин толибилмони Мактаби президентии шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар саҳни Раёсати мазкур асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорони конфронс аз намоишгоҳ дидан намуданд ва пас аз он филми ҳуҷҷатӣ оид ба дастовардҳои Истиқлолияти кишвар намоиш дода шуд.
Сардори РВКД дар ВМКБ Абдулваҳҳоб Искандарзода баён дошт, ки “Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шӯълаи умед ба сўйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишварро фурӯзон намуд ва моро баистиқлолияти воқеӣ расонид. Истиқлолият ба ҳар ҳар давлат ба осонӣ муяссар намегардад. Ватани азизи мо- Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ монеаю мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард, вале хиради азалии тоҷикона ва ақлу иродаи созандаи фарзанди бонангу номуси миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳамдиливу хушбахтӣ оқибат тантана кунанд. Таваҷҷуҳи хоса ва баҳои мусбати Президенти кишварамон нисбат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун қувваи нерудиҳанда масъулияти кормандони милитсияро даҳчанд баланд мебардорад.
Кормандони милитсия ҷавобан ба чунин эътимод ба Савганди худ содиқ монда, дар муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷиноятӣ дар сафи пеши мубориза меистанд, то ба боварии мардум сазовор бошанд”.
Дар конфронси илмӣ-назариявӣ устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик профессор Лаълҷуба Мирзоҳасан дар бораи Иҷлосияи таърихии XVI- иҷлосияи воқеан сарнавиштсоз сухан ронда, гуфт, ки воқеан ин падида дар таърихи тамаддун ва давлатдории тоҷикон ва тақдири миллати куҳанбунёди мо нақши тақдирсоз гузоштааст ва он дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон устоди Донишгоҳи шаҳри Хоруғ зикр намуд, ки таи чанд соли охир аз баракати Истиқлолият ва сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат тамоми сарзамини мо аз дурдастарин музофотҳо то шаҳру шаҳракҳо ободу зебо гардида истодаанд. Аз чунин созандагию бунёдкориҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар таърих собиқа надоранд, ВМКБ низ бархӯрдор аст. Дар асоси ҳидоятҳои наҷибу хирадмандонаи Президенти кишвар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ бинову иншооти замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд ва сулҳу суботи ҳамешагии кишвар ҳукмфармо мебошад.
Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Нигина Боронзода иброз дошт, ки маҳз бо шарофат ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизи мо сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромӣ ва амнияту субот ҳукмфармо мебошанд, ки инҳо неъматҳои бебаҳо буда, ғамхориҳои Президенти кишварамон ба мардуми ВМКБ дар рӯзҳои душвори ҳодисаҳои табиии дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ноҳияи Рӯшон ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз рухдода беандоза арзёбӣ карда мешаванд.
Дар ҷамъомад инчунин муовини командири ДТММ РВКД дар ВМКБ лейтенанти калони милитсия Мухтор Мирзоқандов ва афсари дастурдиҳандаи ротаи сеюми алоҳидаи фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ лейтенанти калон Синдбод Суфиев баёни андеша карданд.
Дар фарҷоми конфронси илмӣ-назариявӣ толибилмони мактаби Президентии шаҳри Хоруғ дар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеърҳо қироат карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






