Кормандони муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорони инфиродии Бадахшон бо низоми нави хариди давлатӣ шинос шуданд
ХОРУҒ, 03.11.2017 (АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ ҳамоиш дар мавзӯи «Амалияи анҷом додани хариди давлатӣ тавассути низоми электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Сардори бахши вилоятии агентии мазкур Гулсимо Абдулҳофизова гуфт, ки «мавзӯи мазкур ба маҷмӯи чорабиниҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаи иқтисодӣ амалӣ мегарданд, бахшида шуда, минбаъд хариди давлатӣ (тендерҳо) тавассути низоми электронӣ сурат мегирад. Бо ин мақсад Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи интернетӣ портали ягонаи хариди давлатӣ боз кардааст. Шарҳу тавзеҳи инфрасохтор, технологияи иттилоотию иртиботӣ, роҳҳои истифода аз сомонаи мазкур яке аз ҳадафҳои аслии ин ҳамоиш ба шумор меравад. Низоми нави хариди давлатӣ аз як сӯ қонунгузорӣ дар хариди давлатиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардонад, кори мутахассисони идораву муассисаҳоро сабук месозад ва аз сӯи дигар дар муқовимат бо коррупсия нақши муассир мебозад. Ҳамчунин ба шафофият ва рақобати солим ҳангоми тендер мусоидат мекунад».
Харидҳои давлатӣ дар низоми молиявии кишварҳои ҷаҳон нақши муҳим доранд. Мутобиқи ҳисобҳои коршиносони байналмилалӣ ҳаҷми маблағҳои давлатӣ, ки тавассути хариди давлатӣ харҷ мегарданд, наздики 1,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи сардори бахши вилоятии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии ҷумҳурӣ, солҳои охир таваҷҷуҳи идораву муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию корхонаҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёд гардида, ҳаҷми маблағҳо дар доираи 2 миллиард сомонӣ қарор дорад.
Ҳамоиш ду рӯз идома меёбад ва мутахассисони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе тавассути робитаи мустақими электронӣ ба суолҳои иштирокчиёни ҳамоиш посух мегардонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст






