Котиботи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» омӯзиши машваратӣ роҳандозӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон Котиботи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон», ки таҳти идораи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» фаъолият менамояд, дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ мо нерумандем» дар ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Восеъ ва Фархор байни аъзои оилаҳои аз бемории сил осебдида омӯзиши машваратӣ доир намуд.
Тавре мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Урунбоев ба АМИТ “Ховар” хабар дод, иқдоми мазкур бо мақсади дастгирии шахсони гирифори бемории сил, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аъзои оилаҳои онҳо ва кумак барои аз байн бурдани тамғагузорӣ атрофи бемории сил равона шудааст.
Ба иттилои манбаъ, табобати бемории сил дарозмуддат буда, шахси бемор берун аз беморхона дар ғоибии мутахассисони тиббӣ, яъне дар хона табобат мегирад. Аз ин рӯ аз аъзои хонавода ҳадди ақал як нафар маҳз барои назорат, нигоҳубин ва дастгирии шахси бемор бояд таъйин, маълумотнок ва уҳдадор гардад.
Нигоҳубини шахси бемор дар шароити хона ва ҳамзамон аз байн бурдани тамғагузорӣ атрофи бемории сил масъулияти муштарак байни шахси бемор, аъзои оила, хешу табор, ҳамсояву маҳалла, кормандони тандурустӣ ва инчунин шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи ноҳияро талаб мекунад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ташхис ва табобати бемории сил ба таври ройгон пурра муҳайё буда, табобати беморӣ, пеш аз ҳама, дар дасти худи бемор мебошад. Зеро бемории шакли мутобиқгаштаи сил табобати дуру дарозро талаб намуда, шахси беморро водор месозад, ки пайваста доруҳои зиддисилӣ истеъмол намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






