М.Хидирзода: «Фаъолияти занони Хатлон дар ҳамаи бахшҳо назаррас аст»
ҚӮРҒОНТЕППА, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои занони назди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯро маърӯзаи муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро шунида, муҳокима намуданд.
Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки тайи солҳои охир дар кори Шӯрои занони вилоят пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
«Фаъолияти занони Хатлон дар ҳамаи бахшҳо назаррас аст. Корҳои муайян оид ба пешгирии зӯроварӣ ва таъсиси Мактаби духтарони сарвар ба сомон расонида шудаанд. Ҳамзамон занони вилоят аз грантҳои раиси вилояти Хатлон бархурдор ҳастанд. Фаъолнокии занон дар соҳаи илм низ ба назар расида, захираҳои зеҳнии занон имконият медиҳад, ки дар соҳаи илмҳои техникӣ ба пешравиҳо ноил гардем»,- зикр кард Махфират Хидирзода.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






