Маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ҷавони вазорату идораҳои мамлакат, олимону муҳаққиқони ҷавон ва таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» маҳфили омӯзишӣ оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ташкилкунандаи маҳфили мазкур, ки бахшида ба Соли ҷавонон роҳандозӣ гардидааст, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буда, муҳлати омӯзиши он 3 моҳ мебошад.
«Мақсади асосии маҳфили имрӯза, пеш аз ҳама, омӯзиши мактаби бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сулҳ ва ваҳдатофарӣ, корҳои бунёдкорӣ, созандагӣ, тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон мебошад»,- зикр намуд Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода.
Зикр шуд, ки дар давоми баргузории маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону донишмандон оид ба паҳлӯҳои мухталифи давлатдорӣ ва таърихи соҳибдавлатӣ, хусусиятҳои хоси фарҳанги миллати тоҷик ва дигар масъалаҳое муҳиме, ки бояд ҷавонон аз он огоҳӣ дошта бошанд, дарс медиҳанд.
Ҷавондухтари фаъоли ҷумҳурӣ ва шунавандаи дарсҳои омӯзишӣ Моҳира Одинаева баргузор намудани чунин дарсҳоро идомаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон нигоҳи тоза доранд ва ҳамеша барои тадбиқи пешниҳоду андешаҳои мо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Баргузор намудани чунин дарсҳо барои баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон мусоидат хоҳад кард, зеро дар тӯли 3 моҳ мо бо донишҳои назариявӣ дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон шинос шуда, барои амалӣ намудани онҳо талош менамоем ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузорем».
Бояд зикр намуд, ки дарси аввалинро таҳти унвони «Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи имрӯза ва дурнамои ин соҳаи афзалиятнок» раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода оғоз намуд.








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






