«МАХСУСИЯТИ ЖАНРҲОИ РАДИОӢ». Бори аввал маълумоти назариву амалӣ оид ба баъзе жанрҳои радиоӣ фароҳам омад

Ноябрь 13, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Махсусияти жанрҳои радиоӣ» — чунин ном дорад китоби нави доктори илмҳои филология Саидмуроди Хоҷазод ва номзади илмҳои филология  Абдурашид Хӯҷамқул.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои филология Саидмуроди Хоҷазод иброз намуд, китоб таҳаввул ва ташаккули низоми жанрҳои журналистикаи радиоро дар замони муосир дар бар гирифта, он ҷанбаи илмӣ, назарӣ ва амалӣ дорад.

Бино ба зикри муаллиф, хусусияти дигари китоб он аст, ки дар он оид ба баъзе жанрҳои радиоӣ, амсоли мухобирот, мубоҳиса, тадқиқоти журналистӣ, номаи радиоӣ, нутқи радиоӣ ва интермедия бори аввал маълумоти назариву амалӣ фароҳам омадааст.

Хонандагон дар як вақт бо услуби таълифи маводи илмӣ, назарӣ ва амалӣ ошно мегарданд. Истифодаи чунин тарз барои ҳосил намудани дониши ҳамаҷониба ва инкишофи ҷаҳонбинии илмии хонанда ёрмандӣ мекунад.

Муаллифон, ки солҳои тӯлонӣ дар радио кор карда, таҷрибаи ғании амалӣ андӯхтаанд ва дар давраҳои гуногуни рушди ин расона шоҳиди бевоситаи таҳаввулот, тағйироти мавзӯӣ, жанрӣ, миқдорӣ ва сифатии радио гардидаанд, таҷрибаи амалии худро  ҳангоми нигоштани вижагиҳои жанрҳои радиоӣ, тафовути онҳо аз жанрҳои матбуот ва адабиёт истифода намудаанд.

Китоби мазкур барои дарки моҳияти жанрҳои журналистикаи радио ба хонанда кумак мерасонад. Он барои устодон, пажӯҳишгарон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва кормандони ВАО пешниҳод мегардад.

Ноябрь 13, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад