Мардуми тоҷик ба дурӯғҳои бофта ва худсафедкунии ташкилоти экстремистию террористии „Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон“ бовар надоранд!-имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот
ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони солим ва бисёр зираки тоҷик ба иттилооти дурӯғ, аз ҷумла, дурӯғҳои бофта ва худсафедкунии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тариқи сайтҳои гуногун аз хориҷи кишвар таблиғ мешаванд, бовар надоранд. Зеро ин ҳизби террористӣ аллакай дар тамоми ҷаҳон қариб, ки обрӯю эътибор надорад. Ин матлабро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд.
Худобердӣ Холиқназар аз сиёсати духӯраи баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ, ки аз як тараф мехоҳанд бо Тоҷикистон муносибати хуби ҳамкорӣ дошта бошанду аз тарафи дигар ҳизби террористии ҲНИТ-ро тарафдорӣ мекунанд, изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки «дар ин гуна сиёсат моро мебояд бисёр ҳушёр бошем ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем».
Ба андешаи номбурда, имрӯз абарқудратҳо дар фазои иттилотии ягона манфиати худро доранд. Онҳо барои ноамн кардани авзоъ дурӯғи маҳз мегӯянд, воқеиятро таҳриф карда, ба майнаи гурӯҳҳои алоҳида рақамҳои нодуруст ва хабарҳои бардурӯғ ҷой мекунанд. Рушди технологияҳои иттилоотӣ шаклу шеваи нави пешниҳоди иттилоъро ба вуҷуд овардааст, ки таъсири ВАО-и интернетӣ имрӯз беш аз ҳама ба назар мерасад. Имрӯз ҷавонон бештар ба Интернет рӯ овардаанд ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода мебаранд. Шабакаи иҷтимоӣ яке аз омилҳои муассири ҷангҳои иттилоотӣ муаррифӣ гардидааст ва шаклҳои мубориза дар ин самт дар ҳар кишвар бо усулҳои гуногун аст. Аз ин рӯ тамоми қувваи хадамотҳои махсус ва ҳифзи ҳуқуқ ба он нигаронида шудааст.
Дар ин вазъияти мураккаби ҷангҳои иттилоотӣ, ки мутаассифона, имрӯз дар байни бисёр аз кишварҳо шурӯъ шудааст, он ба кишварҳои хурд мисли Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад. Ҳамсуҳбат дар чунин вазъият амнияти иттилоотиро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рукнҳои кишвар шуморида, гуфт, ки иттилоот имрӯз дар мо аҳамияти калон ва муҳими стратегӣ дорад.
Бояд зикр намуд, ки маълумоти дурӯғ дар ҷанги иттилоотӣ бо мақсадҳои гуногун паҳн карда мешавад. Ҳадафи иттилоъ – ин ба аудитория расонидани ҳақиқат, кумак кардан барои баромадан аз вазъият аст, вале ҳадафи иттилои дурӯғ фиребгарӣ ва тахрибкорӣ аст. Яъне дар шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби ВАО паҳн мешавад, амнияти ҷомеа зери хатар аст ва маълумоти дурӯғ чунон устокорона истифода мешавад, ки ба ҳақиқат будани вай шубҳа намемонад. Дар робита ба ин Худобердӣ Холиқназар мегӯяд: «Мо бояд кишварро аз иттилооте, ки метавонад харобиовар бошад, ба сулҳу амнияти миллӣ, оромии кишвар ва рушди иқтисодии кишвар халал мерасонанд, ҳамаҷониба ҳифз кунем».
Ба ақидаи ин сиёсатмадор, минтақаҳои сарҳадӣ яке аз осебпазиртарин минтақаҳо ба шумор мераванд ва душманон метавонанд дар сарҳад аз тариқи расонаҳои худашон ва имкониятҳои иттилоотӣ таъсиргузор бошанд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин қонуну қарорҳоро дар бораи таъмини амнияти иттилоотӣ ба тасвиб расонидааст. Аллакай дар тамоми минтақаҳои сарҳадӣ телевизионҳои марказӣ ва маҳаллӣ хуб фаъолият мекунанд, маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ низ ба ин минтақаҳои дурдаст сари вақт расонида мешаванд. Вале дар ин самт ҳанӯз ҳам ҳам проблема вуҷуд дорад»,-таъкид намуд ӯ.
Вазифаи асосии ВАО расонидани иттилооти саҳеҳ ва фаврӣ аст. Аз ин рӯ дар байни воситаҳои ахбори умум рақобати шадид мавҷуд аст. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки фазои холии мафкураи шунавандаю бинандаро бо ҳар роҳу восита пур карда, таваҷҷуҳу муҳаббати онҳоро ба тарафи худ ҷалб намоянд. Беҳуда намегӯянд, ки ВАО яроқи тунду тез, бурро ва ҳадафрас аст.
«Асри ҷаҳонишавӣ, хоҳем-нахоҳем таъсири худашро мегузорад. Барои ҳамин ҷангҳои шадиди абарқудратҳо дар масъалаи иттилоот таъсири амиқ мегузоранд. Ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ асосан аз тариқи иттилоот сурат мегирад. Он сомонаҳое, ки ба ин кор машғуланд, бояд аз байн бурда шаванд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки тариқи онҳо иттилои ғаразолуд, иғвоангез, экстремистию радикалӣ фиристода нашаванд ва имконият надиҳем, ки онҳо дар фазои иттилоотии мо фаъолият дошта бошанд»,-хулоса намуд директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Худобердӣ Холиқназар.








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






