Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе ба кумаки ниёзмандон ҳамеша омода аст

Ноябрь 20, 2017 15:29

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 28 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе  маъракаи  «16  рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» гузаронида мешавад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  директори «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе»  Зӯҳро Мирзоева ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»: Дар бораи самтҳои фаъолияти  Марказ барои хонандагони сомонаи «Ховар» каме маълумот медодед…

 

Зӯҳро Мирзоева: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади  дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонии занон соли 2010  Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» -ро  таъсис дод.

Маркази мазкур  ба таври ройгон ва махфӣ ба гурӯҳи заноне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, дучори фишор ва хушунати хонаводагӣ гардидаанд (инчунин, занони ҷабрдидае, ки мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд),  хизмат мерасонад. Кормандони марказ  ба ин гуна занону духтарон ва кӯдакон кумаки аввалини тиббӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ   расонида, инчунин барои пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ дар байни занон  фаъолияти иттилоотӣ-маърифатӣ ба роҳ мондаанд.

Муроҷиату суҳбатҳои корафтодагон ин ҷо чун сирри шахсиву оилавӣ мувофиқи қонун махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои мо муҳим ин аст, ки нафареро аз хушунат раҳоӣ бахшем, оилаеро аз хавфи парокандагӣ эмин дорем, мушкили корафтодаеро бароварда созем.

Бояд гуфт, ки  дар бораи  мавҷудияти Маркази мо занон бештар огоҳӣ пайдо намудаанд, ки  ин боиси  сол аз сол зиёд гардидани   теъдоди муроҷиаткунандагон   мешавад. Аз аввали соли равон  то имрӯз 1236 нафар  занон ба мо муроҷиат намуданд. Дар   371–тои ин аризаҳо  бонувон оид ба мавҷудияти зӯроварӣ дар оила, 171 нафар барои  ситонидани алимент, 122  нафар оид ба бекор кардани ақди никоҳ, 108  нафар оид ба тақсимоти манзил ва   180  нафари дигар дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, таъмин намудан бо ҷои кор,  ғайриқонунӣ  аз кор озод намудан,  кумаки молиявӣ,  гирифтани шиноснома ва зодномаи таваллуд, масъалаи гирифтани қитъаи  замин, иҷро нагардидани   қарорҳои  судӣ  ва ғайраҳо  муроҷиат намудаанд.

Мо  то ҳадди имкон бо даъвогару ҷавобгар суҳбат ороста, масъаларо хуб меомӯзем. Аз хизмати коршиносону равоншиносони  марказ истифода бурда, тарафҳоро оштӣ медиҳем. Агар бинем, ки вазъ ислоҳ намешавад ва ҳодиса такрор меёбад, аризаву санадҳоро омода сохта, ба сохторҳои дахлдор муроҷиат мекунем.

Муассиса дар баробари дигар масъалаҳо ба мушкилоти гурӯҳи занони осебпазир, аз ҷумла,  заноне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) мебошанд ва занони аз адои ҷазо озодшуда низ диққати  ҷиддӣ дода,   мушкилоти онҳоро баррасӣ менамояд.

 «Ховар»: Ин гурӯҳ занон бештар бо  кадом мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд? 

 Зӯҳро Мирзоева:  Мутаассифона, дар ҷомеаи мо  занони гирифтори ВНМО  ва заноне, ки  доғи судӣ доранд,  бештар ба таҳқир ва табъиз дучор мегарданд. Дар бештари ҳолатҳо муносибат бо онҳо манфӣ аст, чунки ин муносибат ба стереотипҳои дар ҷомеа ҷойдошта  алоқаманд аст.

Дар ҷомеае, ки  ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ВНМО риоя мегарданд,  одамон вазъияти худро пинҳон намекунанд. Ин  имкон медиҳад, ки шахсони бемор  бештар ба табобати АРВ фаро гирифта шаванд ва   роҳҳои пешгирии БНМО  аз ҷониби давлат боз ҳам сайқал ёбанд. Ҳамаи ин усулу муносибатҳо ба он мусоидат мекунанд, ки шумораи шахсони гирифтори ВНМО ва беморони БПНМ коҳиш ёбад.

Шахсони гирифтори ВНМО  на танҳо аз ҷониби давлат, инчунин аз тарафи ҷомеа,  шахсони наздики онҳо  бояд дастгирӣ ёбанд ва  атрофиён бояд ба онҳо муносибати таҳаммулпазирона дошта бошанд.  Албатта,  занон ва духтароне, ки маълумот оид ба  ин беморӣ ва имконияти муҳокимаи онро надоранд, бештар ба чунин бемориҳо мубтало мешаванд. Аз ҳама бад ин аст, ки оқибатҳои тамғамонӣ (дар ин бора нагуфтану онро пинҳон доштан)  ба сифати ҳаёти занону кӯдакон таъсир  мегузорад.

Боиси афсӯс аст, ки дар ҷомеа нисбат ба  занони аз маҳбас озодшуда ва дорои доғи судӣ низ тамға вуҷуд дорад. Мисолҳои алоҳида аз он гувоҳӣ  медиҳанд, ки на танҳо зани аз маҳбас озодшуда, инчунин шахсони наздики оилаи онҳо ба таҳқиру табъиз дучор мешаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин гуна занон мехоҳанд зиндагиро дубора аз варақи тоза шурӯъ кунанд,  аммо дар бисёр маврид ҷомеа имкон намедиҳад, ки онҳо аз назари равониву зеҳнӣ аз доғи сангини «маҳбус» озод шаванд.

Далели дар маҳбас будан асоси он шуда наметавонад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсии чунин гурӯҳи одамон поймол карда шаванд. Охир онҳо  барои ҷинояти кардаашон аллакай дар муассисаҳои ислоҳӣ  ҷазо гирифта, ислоҳ гардидаанд. Заноне, ки аз маҳбас озод мешаванд,  бо душвориҳои зиёд  дучор мегарданд. Моро зарур аст, ки ба ҷараёни воридшавии ин гуна занон ба ҷомеа кумак расонем. Пешниҳоди маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, расонидани кумак дар пайдо намудани ҷои кор, гирифтани маълумоти касбӣ  ва дастгирӣ намудан дар  дигар масъалаҳои муҳим онҳоро  рӯҳбаланд мекунад.

 «Ховар»: Шумо кадом корҳои мушаххасро дар ҳалли мушкилиҳои мазкур ба анҷом расонидед?

Зӯҳро Мирзоева: Мо як қатор вохӯриҳо баргузор намуда, бо занони дорои ВНМО, бо намояндагони муассисаҳои тиҷоратӣ ва таълимӣ, духтурон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо доир кардем. Дар ин  мулоқотҳо масъалаи муносибат,  ҳифзи ҳуқуқ, мушкилоти    чунин гурӯҳи занонро  дар ҷомеа ва оила мавриди баррасӣ қарор додем.  Ҳамаи чорабиниҳои доиргаштаро бо гузаронидани конфронс, ки дар он занони гирифтори ВНМО ширкат варзиданд, ҷамъбаст намудем. Дар ҳамоиш занон проблемаҳои дар ин самт мавҷударо иброз   дошта,  оид ба  ҳалли онҳо   таклифҳо  пешниҳод намуданд.

Аз ҷониби мутахассисони  Марказ ба заноне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (2014с)  аз адои ҷазо озод шудаанд, машваратҳои ҳуқуқӣ расонида шуд. Ғайр аз ин ба онҳо флаерҳо-варақаҳои иттилоотӣ  бо нишондоди суроғаҳои ҳамаи ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи занон фаъолият мебаранд, тақсим гардид, ки  онҳо  ҳар вақт метавонанд оид ба  мушкилиҳои худ муроҷиат намоянд.

Бояд зикр намоям, ки дари Марказ ҳамеша ба рӯи занони ниёзманд кушода аст. Мутахассисони мо кӯшиш менамоянд, ки ба ниёзмандон кумаки худро расонанд, то онҳо аз ҳолати яъсу ноумедӣ раҳо гашта, ба зиндагӣ дилгарм гарданд. Маркази мо дар бинои  КВД «Маркази ҷавонон», рӯ ба рӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия қарор дорад. Мо на танҳо ба занон, инчунин ба мардону кӯдаконе, ки дучори хушунат гардидаанд, кумак мерасонем. Ниёзмандон метавонанд бо телефонҳои 2218773, 2218774, 2218775  ё суроғаи электронии  state.women.center@gmail.com    ба Марказ муроҷиат намоянд.

 

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2017 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад