Масрур Абдуллозода: «Профессор Воҳид Асрориро метавон аз поягузорони илми журналистӣ номид»
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Воҳид Асрорӣ ба хидматҳои мондагори адибону донишмандони тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода дар гуфтору навиштори худ арҷ мегузошт ва худро хушбахт меҳисобид, ки аз файзи суҳбати онҳо баҳра бардоштааст. Ин нукта имрӯз, 3 ноябр дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Воҳид Асрорӣ ва масъалаҳои филологияву журналистикаи тоҷик» ба муносибати 100-солагии профессор Воҳид Асрорӣ дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конфронси мазкурро муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Сафармамад Сафармамадов оғоз намуд. Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода сухан гуфт.
«Бешак, устод Воҳид Асрорӣ дар таърихи илми филологияи тоҷик дар самтҳои адабиётшиносӣ, фолклор ва журрналистикаву публитсистика нақши беандоза дорад. Агар рӯзгори мавсуфро варақгардон кунем, мебинем, ки ӯ тамоми умри худро ба рушду нумӯи илми педагогика ва адабиёт бахшидааст. Воҳид Асрорӣ донишманди хеле фарохназар буд. Инро фаъолияти илмии бисёрсамтаи ӯ нишон медиҳад, ки дар асарҳои сершумораш фароҳам омадаанд»,-иброз намуд Масрур Абдуллозода.
Дар конфронс олимону муҳаққиқон, ҳамкорон ва шогирдони профессор Воҳид Асрорӣ, аз ҷумла, академикон Носирҷон Салимӣ ва Кароматулло Олимов, профессор Абусаттор Нуралиев, дотсент Муртазо Зайниддинов, шоир Ато Мирхоҷа ва дигарон ба донишҷӯён хотироти худро аз ҳаёту фаъолияти мавсуф нақл карданд.
Зикр шуд, ки профессор Воҳид Асрорӣ то охири умр аз ҷараёни зиндаи адабӣ stop-ed-info.com, бо сухану навиштаҳояш пайваста дар баҳсҳои илмӣ ширкат меварзид.
Ёдовар мешавем, ки қисми дуюми Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Воҳид Асрорӣ ва масъалаҳои филологияву журналистикаи тоҷик» дар факултаҳои журналистикаю филологияи ДМТ (дар шаҳраки донишҷӯён) идома дорад ва дар он зиёда аз 30 нафар олимону донишмандон оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти профессор Воҳид Асрорӣ маърӯза мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






