Мерганҳои беҳтарини наврас муайян ва соҳиби мукофот шуданд

Ноябрь 13, 2017 16:25

ХОРУҒ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар чаҳорчӯби тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз намуди тирандозӣ мусобиқа баргузор шуд. Ин сабқат бо ибтикори Бошгоҳи варзишию техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар ҳамдастӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Дар мусобиқа беш аз 50 нафар варзишгарони наврас ширкат намуданд.

Ба гуфтаи муовини раиси бахши вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Исматулло Назиров,  «аксарияти иштирокчиёни мусобиқа хонандагони синфҳои 10- 11-и  муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, ки пас аз як ё ду сол ба хизмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд. Яке аз вазифаҳои асосии Ташкилоти мададгори мудофиа-ин ҳамаҷониба омода намудани ҷавонон ба хизмати Ватан мебошад.  Сарбозони оянда бояд ҳам аз ҷиҳати маънавию ҷисмонӣ ва ҳам аз лиҳози дониши низомӣ барои хизмат дар Артиши миллӣ омода бошанд. Бо ин мақсад дар назди Ташкилоти мададгори мудофиа маҳфилҳои гуногун, ба мисли  «Мерган»,  «Десантчиёни ҷавон», клуби картингронӣ амал доранд, ки ҳамасола садҳо нафар наврасону ҷавонон дар онҳо  тамрин мекунанд».

Ҳамчунин барои ҷавонони синни даъватӣ  омӯзиши касби ронандагӣ  ба роҳ  андохта шудааст, ки  баъди хатми он ҷавонон ба таври ройгон соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд.

Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Ноябрь 13, 2017 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд