Миёни беморхонаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон маркази онлайнӣ ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Миёни беморхонаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон маркази онлайнӣ ташкил мешавад. Ин масъала зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот инчунин намояндагони сафорати мазкур ширкат намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон имкон фароҳам меоварад, ки ҷонибҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббӣ аз таҷрибаи якдигар истифода намуда, машваратҳои судманд низ доир намоянд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо масоили густариши ҳамкории судманд дар заминаи ташкили маркази саноатӣ, ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзиро баррасӣ карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






