Муҳиба Маҳмадҷонова, доктори илмҳои фалсафа: «Аз парафшонии Парчами Тоҷикистон меболем ва диламон саршори ғуруру ифтихори миллӣ мегардад!»

Ноябрь 24, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  «Ҳар вақте ки дар дасту китфони  ҷавонони тоҷик Парчами кишварро ҳамчун рамзи ватандорӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, сарсупурдагӣ ба ному шарафи он мебинем ё ҳангоми як варзишгари тоҷик онро боло мебардорад ва дар арсаи ҷаҳонӣ бо ифтихор парафшонӣ мекунад, мо меболем ва диламон саршори ғуруру ифтихори миллӣ мегардад», — гуфт ҳангоми суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои фалсафа, муовини директори Пажӯҳишгоҳим фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинова АИ ҶТ Муҳиба Маҳмадҷонова.

Бино ба суханони ӯ,  соли равон ҷашнҳои муҳими миллӣ- 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд, ки таҷлили онҳо нишонаи сулҳу субот ва амнияту ваҳдат, истиқрори ниҳодҳои демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди кишвар мебошанд.

Дар иртибот ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаеро таъкид намуданд, ки моҳияти давлатдории кунунии моро муайян намудааст: «Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем, андешаи ҷомеъ ва ҷовидонаеро ба вуҷуд орем, ки бунёди онро адолат ташкил дода, мардумро якрӯҳу ягона созад, аз арзишҳои аслии фармаънавии аҷдодамон сарчашма гирад, имрӯзу фардои давлатро бо ҳам пайванд созад ва мавриди қабули аксари афроди ҷомеа бошад».

Ҳар сол дар ин рӯзи тирамоҳ- 24 ноябр Рӯзи Парчам ботантана ҷашн гирифта мешавад.

«Имрӯз мо таҳти парчами хеш сарҷамъ шудаем, аз як гиребон сар баровардаем, ватани азизу ҷоноҷони хешро аз ҷисму ҷони хеш месозем ва дӯст медорем. Ва дар даст парчами Тоҷикистон мардуми кишвари азизамонро бо Рӯзи Парчам табрик мегӯем», — иброз дошт Муҳиба Маҳмадҷонова.

Ноябрь 24, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад