«МУАЛЛИМУ ТАЛАБА ЗАНОЗАНӢ КАРДАНД». Ба муаллиме, ки зимни вазифаи хизматӣ ба қонуншиканӣ роҳ дод, «сарзаниш» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда дар шабакаи Интернет навори видеоӣ зери унвони «Муаллиму талаба занозанӣ карданд» ба гардиш даромад, ки хонандагону корбарони зиёди шабакаи интернетиро бетараф нагузошт.
Ба иттилои корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт, баъди пахши навор дар назди сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гурӯҳи кории фаврӣ таъсис ёфт. Дар муддати кӯтоҳ ҳодисаи рухдода омӯхта шуда, маълум гардид, ки ин муноқиша дар мактаби № 75 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, моҳи майи соли 2017, ҳангоми навбатдории муаллим хонандаи синфи 11 «б» Сайдалӣ Асоев пайдо шуда, ба китфи муаллим бадқасдона мезанад ва ба дохили синфхона ворид мешавад. Сипас, муаллим аз паси ў вориди синфхона шуда, аз Асоев сабаби чунин рафторашро мепурсад. Хонанда бо суханони таҳқиромез пайи ҳам омўзгорро бо лаҳни қабеҳ «аз қафои кори худут шав» гўён дашном дода, масхара мекунад. Муаллим дар назди шогирдон аз ин суханони хонанда, ки бевосита ба ў дарс гуфтааст, асабонӣ шуда, ҳолати рӯҳии худро идора карда наметавонад ва мизро ба сўи Сайдалӣ Асоев мепартояд. Дар баробари оне, ки хонанда С.Асоев ягон зарар надида буд, якбора ба сўи муаллим ҳамла намуда, ўро меафтонад. Вақте муаллим аз ҷой мехезад, хонанда бори дуюм муаллимро мезанад.
Баъди воқеаи мазкур падару модари хонанда ба мактаб даъват карда шуда, баёноти хонанда дар назди падару модараш гирифта мешавад. Падару модари хонанда ва муаллим аз якдигар узрхоҳӣ мекунанд.
Муноқишаи муаллим ва хонандаро хонандаи ҳамин синф Муҳаммад Ҳасанов пинҳонӣ наворбардорӣ мекунад. Ӯ баъди хатми муассиса бо аҳли оилааш ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва ин наворро бо гузашти 6 моҳ аз Федератсияи Россия дар шабакаи Интернет пахш менамояд, ки он баҳси зиёдеро байни корбарони ин шабака ба миён меорад.
Дар натиҷа шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ мувофиқи моддаи 62 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллим, ки зимни вазифаи хизматӣ қонуншиканӣ намудааст, қоидаҳои муҳими омўзгориро риоя накарда, рафтори нодуруст намудааст, «сарзаниш» эълон менамояд.
Муаллим ҳоло аспирант буда, 6 сол собиқаи кории педагогӣ дорад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






