Муовини раиси бахши ТЭТ ҲНИТ дар Рӯшон ба нашри наворҳои фаҳшо муттаҳам шуд
ДУШАНБЕ,30.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Шабакаи давлатии телевизионии Тоҷикистон дар барномаи «Сипар», ки аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мешавад, навори бадахлоқии ду нафар ба ном муллоро намоиш дод.
Дар ин барнома, ки ҳафтае пеш дар телевизион намоиш дода шуда, гуфта мешавад, ки ду рӯҳонӣ «бо истифода аз номи дини Ислом даст ба амалҳои бадахлоқона задаанд».
Яке аз ин гумонбаршудангон имоми масҷиди панҷвақтае дар ноҳияи Ҳисор мебошад, ки 82 сол дошта, дар хона мардумро «сеҳру ҷоду» мекардааст.
Маркази матбуоти ВКД ҶТ дар ин гузориш хабар дод, ки «мардумфиребиву қаллобӣ ва аз номи дини поки Ислом сӯиистифода кардани Давлатбек Мираков ин як тарафи масъала бошад, масъалаи дигар, ки басо гӯшношуниду нанговар аст, бадахлоқӣ ва мавриди истифодаи шаҳвонӣ қарор додани муштариён аз ҷониби ин пирамарди 82-солаи оиладор ва соҳиби 11 фарзанду 40 набера мебошад.»
Дар идомаи гузориш хабар дода шуд, ки як сокини ноҳияи Рӯшон низ ба иттиҳоми нашри навори фаҳшо боздошт шудааст. Барандаи гузориш гуфт: «кормандони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳрванд Атоёров Атоёр Саодатович, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Рӯшон, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рушонро барои паҳн кардани наворҳои хусусияти порнографидошта дастгир намуданд». Худи гумонбаршуда Атоёр Атоёров дар ин гузориш гуфт, ки ба як ноболиғ навори порнографиро сабт карда додаст.
«Ҳамон бачаи нобилиғе, ки доимо пешам меомад, қариб як ду сол – дуним сол пешам меомад, як рӯз омад, ки ман ба ӯ филми шаҳвониро сабт намоям ва ман ба ӯ дар диск филми шаҳвониро сабт кардам…», — иброз дошт ӯ.
Бино бар иттилои манбаъ, «вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта нисбати ин ду нафар ба ном мулло, ки аз номи дини мубини Ислом суъистифода намуда, ба ҳаракатҳои бадахлоқона ва паҳни наворҳои хусусиятҳои шаҳвонипдошта машғул буданд, айни замон корҳои тафтишотӣ идома дорад».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






