Мутахассисони соҳаи тандурустӣ масоили солимгардонӣ ва пешгирии маъюбиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳлил ва баррасии раванди татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Вазорати мазкур, дар ҳамоиш муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназод, кормандони Вазорати тандурустӣ, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ва намонядагони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон бештар дар самтҳои раванди татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» вобаста ба тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ, солимгардонӣ ва пешгирии маъюбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, масоили таъмини иҷтимоии маъюбон, ҳамгироии масъалаҳои вобаста ба маъюбият, васеънамоии ҳуқуқу имкониятҳо ва муҳити дастрас барои маъюбон дар доираи барнома ва саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ дар раванди амалисозии ин барномаро таҳлилу баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






