Мутахассисони тоҷик дар Боку дониши худро такмил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 24.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда дар Боку мутахассисони бахши дипломатияи тоҷик имкон доранд дар Академияи дипломатии Озарбойҷон таҳсил намуда, сатҳи дониши худро такмил диҳанд. Дар ин росто дар Боку Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Ҳафиз Пашаев мулоқот намуд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон матраҳ гардиданд. Мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаи таълим ва бозомӯзии мутахассисон, инчунин ҷудо намудани квотаҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Озарбойҷонро баррасӣ карданд. Ҳамзамон дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






