Нақлиётчиёни ИДМ дар Душанбе масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозиро баррасӣ карданд

Ноябрь 9, 2017 16:50

ДУШАНБЕ, 09.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои афзалиятноки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи нақлиёт ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ нигаронида шудааст. Ин матлабро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ дар хоҷагии роҳсозӣ»  дар Душанбе доир гардид, баён дошт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ роҳбарони вазорату идораҳои роҳсозии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, давлатҳои хориҷи дур, намояндагони анҷуману ҷамъиятҳо ва ширкатҳои роҳсозӣ ва мутахассисону коршиносони бахши нақлиёт ширкат намуданд.

Вазири нақлиёти кишвар доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба рушди соҳаи нақлиёт дар кишвар, бахусус бунёд ва таҷдиду навсозии роҳу пулҳо ва нақбҳо аҳамияти махсус медиҳанд. Дар зарфи солҳои  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар роҳу нақбҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бунёд гардиданд, ки дар татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари  воҳид  ва транзитӣ нақши муассир мегузоранд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби Осиё доман густурда, ҳамчун чорроҳаи  Роҳи Бузурги Абрешим шинохта шудааст. Дар робита ба ин Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофии худ ҳамчун кишвари пайвандгари давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ  бо кишварҳои Шарқи Наздик ва Аврупо ба шумор меравад. Бо назардошти чунин зарфиятҳо барои рушди маҷмӯии бахши нақлиёт сармояи хориҷӣ  дар ҳаҷми беш аз  1 миллиард доллар ҷалб гардидааст, ки он ба сохтмон ва таъмиру таҷдиди  шабакаи роҳҳои автомобилгарди кишвар, пулу нақбҳо нигаронида шудааст. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бо мақсади мутобиқ намудани роҳҳои автомобилгарди кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ  дар мамлакат як зумра лоиҳаҳо дар бахши таъмиру таҷдид ва сохтмони роҳҳои ҷумҳурӣ татбиқ гардидаанд.  Бунёд ва таҷдиди роҳи автомобилгари Душанбе –Ҷиргатол- сарҳади Қирғизистон, Душанбе-Чаноқ- сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе-Кӯлоб- Қалъаи Хум-Хоруғ –Мурғоб –Қулма (марзи Чин), инчунин  бунёди роҳи автомобилгарди  Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар, Ш. Шоҳин- Шоҳон ва таҷдиди роҳи автобилгарди Душанбе –Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони  вазорату идораҳои роҳсозии кишварҳои ИДМ, мутахассисону коршиносон доир ба паҳлуҳои мухталифи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар бахши бунёд ва таъмиру таҷдиди  роҳҳои автомобилгард, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон дар самти бунёди роҳҳои автомобилгард, хусусан дар шароити минтақаҳои баландкӯҳ, низоми идора дар бахши нақлиёт бо назардошти истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи иқтидорҳо дар соҳаи роҳсозӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба роҳсозӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ табодули назар намуданд.

 

Ноябрь 9, 2017 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
29 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад