Нақши сарнавиштсози Иҷлосияи ХVI дар бунёди давлатдории навини миллӣ
ДУШАНБЕ, 14.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат дар солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва баҳри ба даст овардани амнияти миллӣ ҷони худро дареғ надошта, чун пояи устувори давлатсозии миллии тоҷикон оташи низоъ ва бархӯрдҳоро хомӯш карданд. Ин нуктаро Абдумуъмин Қутбиддинов, номзади илмҳои филологӣ имрӯз дар конфронси илмӣ-амалие, ки зери унвони «Нақши сарнавиштсози Иҷлосияи ХVI дар бунёди давлатдории навини миллӣ» дар Душанбе доир шуд, баён дошт.
Абдумуъмин Қутбиддинов ҳамчунин зикр намуд, ки хушбахтона, худшиносии миллии мо дар ду даҳсола зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештару беҳтар рушд меёбанд, ки ин яке аз унсурҳои муҳими давлатдории миллист. «Вақте муҳаббат ба Ватан дар дили як нафар меафзояд, ин маънии пойдор будани сулҳ дар он кишварро дорад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз миёни ҳамватанони мо меҳру муҳаббати самимӣ ҳам ба давлат ва ҳам ба Пешвои миллат мавҷуд аст»,-изҳор дошт Абдумуъмин Қутбиддинов.
Бояд зикр намуд, ки Конфронси мазкур бо иштироки доираи васеи донишмандон, адибон ва рӯзноманигорон баргузор шуд.
Дар он, аз ҷумла, дар мавзӯъҳои «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳувияти миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва бунёди давлатдории навини миллӣ», «Саҳми Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Зикр шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз дастгоҳи нави давлатдориро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.
Дар фарҷом бахшида ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳо доир гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






