Нақши устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик назаррас аст
ДУШАНБЕ, 30.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Устод Айнӣ дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ва ҳувияти миллии тоҷиконро махсус таъкид мекард. Ин нуктаро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Нақши устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик» доир гардид, баён дошт. Ҳамоиш бо ибтикори муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба ифтихори гиромидошти 140 -солагии устод Садриддин Айнӣ ва 130- солагии устод Абулқосим Лоҳутӣ созмон дода шуда, дар он олимону публисистон ширкат доштанд.
Аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Масъалаи тоҷикон-асоси публисистикаи устод С. Айнӣ дар солҳои бистуми асри бист», «Нақши устод С. Айнӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик», «Устод Лоҳутӣ ва Тоҷикистон», «Нақши устод А. Лоҳутӣ дар рушди публисистикаи тоҷик» сухан карданд. Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои устод Садриддин Айнӣ бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Инчунин дар маросими ифтитоҳи боғи навбунёди Айнӣ Сарвари давлат изҳор доштанд: «Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».
Ҳамзамон директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, ки ба хотири гиромидошти устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ силсилаи барномаҳои маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳадафи онҳо муаррифии нақши бузурги устодон дар ташаккул ва таҳаввули публисистикаи тоҷик мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






