Намояндагони САҲА аз Парлумони Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Алҳол аз тарафи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти сулҳофаронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, мавриди омӯзиш ва баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин нуктаро имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода дар мулоқот бо Йоким Мартелл, мутахассиси байналмилалии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон зикр намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва САҲА дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Ҷӯрахон Маҷидзода зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ҳадафи ба даст овардани муносибатҳои дӯстонаи сулҳовари байналмилалӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пастшавии мутақобилаи низомӣ, пешгирии ҳамлаи ногаҳонӣ ё низои ғайримуҷозотиро ба танзим медарорад ва назорати давлатии фаъолияти сулҳоварона аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон амалӣ карда мешавад.
Таъкид шуд, ки дар қисми 1 моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Муқаррароти моддаи Конститутсия эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои дӯсту бародар, тасдиқи саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар амалисозии сиёсати хориҷии худ бар асоси принсипҳои баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо дар назар дорад. Принсипи баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо ва барпо намудани робитаҳои сулҳҷӯёна дар қисми 1 моддаи 2 Оинномаи СММ, Эъломияи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Санади ниҳоии машварат оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба тасвиб расидааст.
Зикр гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пешбурди сиёсати хориҷии худ маҳз принсипҳои асосии ҳуқуқии байналхалқиро асоси фаъолияти хеш медонад, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дахолат кардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо, истифода бурдани қувва ва таҳдиди истифодаи қувва дар мавриди ҳалли масоили байналхалқӣ дар муносибатҳои берунаи хеш худдорӣ менамояд, ҳамкории байналхалқии худро дар асоси эътирофи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо дар шаклҳои дутарафа ва бисёртарафа ба роҳ stop-adhd-meds.com.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳоваронаи худро ба назар гирифта, 6 октябри соли 2007 Созишнома дар бораи фаъолияти сулҳоварии САҲА-ро ба имзо расонид.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо САҲА, аз ҷумла, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






