Наваскарони Гвардияи миллӣ дар ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ савганд ёд карданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 100 нафар наваскарон, ки муддати як моҳ барномаи ибтидоии ҳарбиро аз худ намуда буданд, дар назди ҳайати фармондеҳӣ, волидону наздиконашон ботантана барои садоқат ба халқу Ватан савганд ёд карданд. Маросими савганди ҳарбӣ, ки ба Рӯзи Парчами давлатӣ рост омад, дар Гвардияи миллӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад ҳайати фармондеҳӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, афсарони қисмҳои ҳарбӣ ва наваскарон бо волидону наздиконашон иштирок доштанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, Фармондеҳи Гвардияи миллии ҶТ Бобоҷон Ҷамолзода аз таърихи рамзҳои давлатдорӣ, аз ҷумла, дирафши ковиён ва зери ин нишон мубориза бурдани мардуми ориёиро барои нигоҳ доштани озодиву истиқлолият ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки Парчам яке аз рамзҳои асосии давлату миллат буда, мавҷудияти давлат, озодӣ ва истиқлолияти онро бидуни парчам наметавон тасаввур кард. Ифтихору гиромидошти ин рукни муқаддаси миллӣ дар ҳаёту фаъолияти ҳайати шахсии Артиши миллӣ, аз ҷумла, дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса дорад. Он ҳамеша дар мавқеи ифтихорӣ, дар сафи пеш қарор дошта, рамзи қудрату тавоноӣ, шуҷоату мардонагӣ ва неруи зафаровари ҳарбиён аст. Ҳамчунин эҳтирому арҷгузорӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ вазифаи муҳими ҳар як фарди худогоҳ мебошад.
Дар ҷамъомад як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар мусобиқаҳои варзишиву фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки байни қисмҳои ҳарбии гвардия гузаронида шуд, бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






