Навраси 7-солаи тоҷик дар намуди варзиши болофишорӣ ҳамто надорад
ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаест, ки дар сархати расонаҳо хабари қобилияти як нафар навраси тоҷик, ки тавони якбора иҷро кардани 11 ҳазор бор болофишорӣ (отжимание)-ро дорад, қарор гирифтааст. Падари ӯ талош дорад, ки зӯри бозуи фарзандашро дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт намояд.
Эмомҳусайн Умарови 7-сола ҷавонтарин аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» буда, пайваста дар ин маҷмааи варзишӣ тамрин менамояд. Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба варзиш таваҷҷуҳи хосса дошта, пайваста ҷиҳати равнақ ва рушди намудҳои гуногуни варзиш варзишгарони ҷавонро дастгирӣ менамоянд. Бо ин мақсад Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ин варзишгари наврасу умедбахши аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» -ро ба ҳузур пазируфта, ба истеъдод, қобилияти нотакрор ва ҳунари варзишии ӯ баҳои баланд дод. Барои ноил гардидан ба дастовардҳо дар соҳаи варзиш аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба ӯ соати дастӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Бояд зикр кард, ки Эмомҳусайн Умаров новобаста аз синну сол дар намуди варзиши болофишорӣ ҳамто надошта, ҳамчунин дар иҷрои намудҳои гуногуни машқҳои акробатикӣ низ маҳорати баланд дорад. Ӯ 11 ҳазор бор болофишориро дар 6 соату 20 дақиқа ва бе танаффус анҷом медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






