Нишасти панҷуми сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ соли 2019 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 30.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо гузашти ду моҳи дигар комилан фаъол мешавад. Дар ин бора дар чорумин нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иттилоъ дода шуд. Гуфта шуд, ки ин сомона ҳоло омода аст, вале ба ду моҳи дигар ниёз дорад, то пурра ва бо ҳама зарфиятҳои худ ба кор дарояд.
Сомонаи мазкур дар қадами аввал бо ду забон: англисӣ ва русӣ роҳандозӣ мешавад, вале дар оянда ҳар кишвар бо забони худ дар он метавонад саҳифа ё бахш дошта бошад.
Ҳадафи таъсиси сомонаи вижа- ин густариши ҳамкории китобхонаӣ миёни кишварҳои ҳавзаи ЭКО мебошад. Як бахши муҳими он табодули таҷриба, иттилоъ ва китобҳост. Сомонаи мазкур метавонад дар тавсеаи ҳамкории муштарак нақши муассир бозад.
Тавре дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, қарор аст ҷаласаи панҷуми сарварони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар семоҳаи чоруми соли 2019 доир шавад. Вале ҳоло замони дақиқ ва маҳалли баргузории он мушаххас нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки охирин ҷаласаи раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ ҳафт сол пеш доир шуда буд. Аммо ширкаткунандагони ҳамоиши Душанбе тасмим гирифтанд, ки аз ин ба баъд он дар ҳар ду сол як маротиба доир гардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






